ABNA24 : Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Самариддин Ализода гуфтааст, ки дар соли 2018 ба манзури сохту таҷҳизи 450 маркази дармонӣ дар вилояти Суғд замину манобеи молӣ ихтисос ёфтааст, ки маълум мешавад дар ин замина то ба ҳол ҳеҷ коре анҷом нашудааст.
Вай таъкид кардааст: “Ҳангоми сафари Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ифшо шуд, ки мақомоти масъули идораи сохтмонсозии ин минтақа дар бораи сохти ин марказҳои дармонӣ гузоришҳои дурӯғ ироа кардаанд.
- Зеро тамомии заминҳо холӣ мебошад ва ҳеч навъ фаъолияти сохтусоз мушоҳида намешавад, ҳарчанд, ки мақомоти масъули вилояти Суғд ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориш медоданд, ки сохти 450 маркази дармонӣ оғоз шудааст”.
Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори нави Хуҷанд гуфтааст, ки ин падида сабаби нигаронӣ аст ва эътибори мақомоти масъулро зери суол мебарад.
342/